Стратегияи дуздҳо: Хоҳӣ надароянд дарвозаро қуфл накун (АКС)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти афвшудаҳо хабар дод, ки давоми ҳамагӣ чор моҳ дар озодӣ 14 бор дуздӣ кардаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод Мадалиев Даврон, истиқоматкунандаи 40-солаи ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи Фархор, ки моҳи сентябри соли 2016 афв шуд, дар шаҳри Бӯстон боз дуздиро пеша кардааст. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, Мадалиев хонаҳоеро ҳадаф қарор медодааст, ки дарвозаҳояшон қулф будаанд ва ҳамаи дуздиҳоро рӯзона содир мекардааст.
Ӯ шоҳидӣ додааст, ки дарвозаи қуфлшуда нишонаи он аст, ки касе дар хона нест: “Бо ҳамин шева гумонбаршаванда 5 ҳавлии истиқоматии қуфлшударо, ки соҳибонаш бо сабабҳои гуногун дар хона набуданд, ҳадаф қарор дода, маблағу мол бо арзиши 70 ҳазор сомониро бо худ бурдаст”.
Манбаъ аз афвшудаи дуюм, ки дар баробари дуздӣ аз манзилҳои истиқоматӣ дар бозорҳо кисабурӣ мекардааст, Сатторов Ҷамшед Ҷаъфарович, сокини 26-солаи шаҳри Хуҷанд ном бурд, ки бори чорум боздошт шудааст.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, феълан алайҳи боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.