“7 ситора”-таъсиси телевизиони нав дар Тоҷикистон
Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд шабакаи телевизиони наве бо номи “7 ситора” таъсис ёфт, ки пахши намоишҳои озмоишии худро оғоз кардааст. Дар ин бора ба “Озодагон” сухангӯйи раиси шаҳри Хуҷанд Маҳмудҷон Додобоев хабар дод.
Салимҷон Камолов, яке аз муассисони ин шабакаи нави телевизионӣ дар суҳбат ба “Озодагон” хабари оғози намоишҳои озмоишии “7 ситора”-ро таъйид намуда, афзуд тибқи иҷозатномае, ки аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон дарёфт кардаем, ҳуқуқ дорем, ки 24 соат барнома ва намоиш дошта бошем.
Ба гуфтаи Камолов нашри намоишҳои озмоишии онҳо як моҳ идома мекунад ва онҳо ният доранд аз Наврӯз ба нашри намоишҳои аслӣ шуруъ кунанд:
“Шабакаи мо як шабакаи махсуси соҳавӣ нест, мо ният дорем, ки ҳам барномаҳои хабарӣ ва ҳам барномаҳои таҳлиливу фароғатӣ ва тафреҳии тамоми соҳаҳоро пешниҳоди бинанда кунем. Қисми асосии кори шабакаи моро барномаҳои итилоотиву тафреҳӣ ташкил медиҳад. Барои намуна мо ният дорем барномаҳо дар мавриди шикор, моҳидориву куҳгардӣ ва дигар соҳаҳо пешниҳод кунем”.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, феълан ин шабака дар Хуҷанд ва шаҳру навоҳи канории он бо забонҳои тоҷикиву русӣ пахш мешавад.
Бар асоси иттилои Маҳмудҷон Додобев ҳоло бо шумули ин телевизиони нав “дар шаҳри Хуҷанд ҳафт телевизиони мустақили фаъолият мекунанд. Дар баробари ин 6 телевизиони давлатии сатҳи ҷумҳурӣ, 2 телевизиони ноқилӣ, телевизиони эфирию ноқилии «АНТ» ва телевизиони шабакавии интернетии «ТТЛ-ТВ» ба сокинон хизмат мерасонад”.
Таъсиси телевизиони 7-уми мустақил ва ё ба истилоҳ ғайридавлатӣ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳолест, ки дар шаҳри Душанбе, пойтахти кишвар танҳо як шабакаи телевизионии мустақил – СМТ фаъолият мекунаду халос.