Даргузашти Кароматуллоҳи Аҳмад дар ҷои кор
Кароматуллоҳи Аҳмад, рӯзноманигори маъруфи тоҷик баъди зуҳри имрӯз, 11-уми январ дар 68-умин солгарди умраш дар бинои Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” ҷон дод.
Корманди ёрии таъҷилии тиббӣ, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд, дар суҳбат бо”Озодагон” гуфт, бар асоси нишонаҳои аввалия Кароматуллоҳи Аҳмад дар пайи сактаи қалбӣ даргузаштааст.
Марҳум бо вуҷуди солхӯрдагияш аз ҷумлаи фаъолтарин рӯзноманигорони тоҷик буд, ки дар чанд нашрия кор мекард ва чанд соат қабл аз маргаш дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустии ҳифзи иҷтимоӣ фаъолона иштирок дошт.
Яке аз пажӯҳишҳои охири Кароматуллоҳи Аҳмад дар мавриди дарозумрҳои Тоҷикистон буд, ки хост онро чоп кунад. Ӯ гуфта буд, дар Тоҷикистон 331 нафари аз 100-сола зиндагӣ мекунанд ва дарозумртарин дар кишвар зани 126-сола мебошад. Марҳум ин ва чанд пажуҳиши дигарро барои чоп ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон пешниҳод карда буд..