Донишҷӯ барои як сомонӣ марди 52-cоларо корд задааст
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 22-сола бо иттиҳоми кордкашӣ ба сокини 52-солаи шаҳри Кӯлоб хабар додаанд.
Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дастгиршуда нисфирӯзи 10 январ дар бозори “Лола”-и шаҳри Кӯлоб бо марди 52-сола муноқиша карда, “ҳангоми ҷангу ҷанҷол бо корд ба қисмати рости шиками ӯ зарба задааст. Дар натиҷа марди ҷабрдида бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шуд”.
Манбаи “Озодагон” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфт, ин ду нафар бар сари як сомонӣ муноқиша кардаанд. Ӯ аз ҷабрдида Миралӣ Ҳасанов ном бурда изҳор дошт, ба ҳайси “чекчин” дар таваққуфгоҳи мошинҳои “Лола”-и бозори “Саховат”-и Кӯлоб фаъолият мекард: “Ҳасанов аз ҷавон, ки бо мошинаш мусофиркашӣ мекардааст, як сомонӣ пули таваққуфгоҳро талаб менамояд, аммо ҷавон саркашӣ мекунад. Дар натиҷаи баҳс ҷавон бо корд ба ҷигари мард задааст”.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷавон донишҷӯи соли севвуми Донишкадаи технологӣ ва менеҷмент дар шаҳри Кӯлоб будааст. Дар ҳамин ҳол як манбаъ аз бозори “Саховат” гуфт, ки марди 52-сола дар пайи зарбаи корд дар беморхона ба ҳалокат расидааст.