Мақоми нави Ҷамила Лангарӣ дар ҳукумат
Ҷамила Лангариева, ки аз моҳи апрели соли 2015 то ҳол муовини раиси шаҳри Душанбе буд, имрӯз, 11-уми январ мақоми нав гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат Лангарӣ Ҷамила Салмонро сардори Саридораи бойгонии назди ҳукумат таъин кард. Ӯ дар ин мақом Мирсаидова Дилором Амоновнаро иваз намуд, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод карда шуд.
Лангарӣ Ҷамила Салмон, ки аз оилаи Лангариевҳо, собиқ фармондеҳони Фронти халқӣ мебошад, то апрели соли 2015 ноиби ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон буд.