Издивоҷ бо бемори СПИД баъди муроҷиат ба Президент
Шералӣ Раҳматуллоев, масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол 32 ҳазор арӯсу домодшавандаро қабл аз издивоҷ ташхис кардаанд.
Раҳматуллоев, имрӯз, 11-уми январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, миёни ташхисшудаҳо 161 мубталои бемории гепаттити В, 30 гепаттити С, 9 бемори СПИД, 8 сил ва 2 мубталои бемории оташакро ошкор кардаанд.
Ӯ афзуд, бемороне, ки табобатшавандаанд баъди табобат хонадор мешаванд. Дар мавриди мубталоёни СПИД Раҳматуллоев гуфт, ки хонадоршавандаҳоро аз беморӣ огоҳ мекунанд, вале тасмим дигар аз онҳост.
Ӯ бо такя ба қонунгузорӣ илова намуд, ки издивоҷи мубталои СПИД бо нафари солим манъ аст, аммо баъзан ошиқон барои издивоҷ талош мекунанд.
Раҳматуллоев қазияи як ҷуфти ошиқонро зикр кард, ки зимни ташхиси пеш аз издивоҷ муайян шуд, ки яке аз онҳо мубталои СПИД мебошад: “Аммо ин ҷуфт барои издивоҷ талош карданд ва ҳатто ба Ҷаноби Олӣ муроҷиат намуданд. Ниҳоят хонадор шуданд”.
Ин масъули Вазорати тандурустӣ гуфт, мубталоёни СПИД-ро, ки тасмими хонадоршавӣ доранд, зери назорат қарор медиҳанд ва талош мекунанд, ки аз онҳо фарзанди солим ба дунё ояд: “То 98 дарсади фарзандони ин беморон солим ба дунё меоянд”.
Раҳматуллоев афзуд, меъёри қонунгузорӣ, ки издивоҷи мубталоёни СПИД-ро мамнуъ мекунад, дар назар аст, ки бозбинӣ шавад.