Пешниҳод ба ҳукумат: Аз орд боҷи гумрукӣ нагиред!
Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, бо ироаи як пешниҳод аз ҳукумати кишвар озод кардани воридоти ордро аз боҷи гумрукӣ дархост мекунанд.
Ҷаноби Саид дар нишасти хабарии Палатаи савдо ва саноат гуфт, ин пешниҳод бо дарназардошти давраи буҳронӣ ироа хоҳад шуд.
Вай дар идома афзуд, солҳои охир дар пайи афзоиши истеҳсоли дохилӣ воридоти орду гандум ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.