Муҷозоти 10 имом-хатиб барои бемасъулиятӣ
Додситонии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, 10 имом-хатиби масҷидҳои ин шаҳр ҷаримабандӣ шудаанд.
Раҳмоналӣ Имомзода, додситони шаҳри Кӯлоб дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ин имом-хатибон аз масҷидҳои деҳаҳои Файзободи Боло, Навобод, Куҳнашаҳр, Корези боло, Бешкаппа ва Анваробод буда, барои бемасъулятӣ ва камбудӣ дар масҷидҳои таҳти ихтиёрашон муҷозот шудаанд: “Ҳар кадоми онҳо ҷарима шуда, нисбати дигар масҷидҳо назорати ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст”.
Аммо оқои Имомзода шарҳ надод, ки имом-хатибон дар иҷрои кадом уҳдадории худ бемасъулиятӣ карда ва чӣ нуқсҳое дар масҷидҳо ошкор шудааст.
Дар нишасти додситонӣ таъкид шуд, дар шаҳри Кӯлоб 72 масҷиди расмӣ фаъолият дошта, ҷойи 54 масҷиди ғайрирасмӣ варзишгоҳ, хонаи истиқоматӣ, утоқи кории нозири минтақавӣ, боғчаи бачагона ва бунгоҳи тиббӣ таъсис ёфтааст.