Дастури мақомоти тоҷик: Зангҳо ба хориҷ боз қимат мешаванд
Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бар асоси дастури мақомоти тоҷик нимаи дуюми моҳи равон нархи зангҳои байналмилалиро боз боло мебаранд. Ин дуюмин ҳолати болобарии нархи зангҳо аз Тоҷикистон ба хориҷ давоми 3 моҳи охир мебошад.
Тавре аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бар асоси қарори ҳукумат ва дастури Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 20-уми январи соли равон нархи як дақиқаи тамос бо Русия 20 дарсад боло рафта, 1,2 сомониро ташкил хоҳад дод. Ширкатҳои мобилӣ ин болоравиро аз ҷумла ба ҳаққи кори Маркази ягонаи комутаторӣ рабт медиҳанд, ки ахиран дар назди Хадамоти алоқаи Тоҷикистон фаъол шуд.
Ин дар ҳолест, ки бори охир нархи зангҳо ба Русия се моҳ қабл, 1-уми октябри соли 2016 боло бурда шуда, аз ҳудуди 70 дирам то ба 1 сомонӣ расида буд. Он замон ширкатҳои мобилӣ эълон карданд, ки ин болоравӣ бар асоси дастури Хадамоти алоқа ва бо назардошти болоравии қурби асъор сурат гирифтааст.
Ду бор боло рафтани нархи тамосҳо давоми 3 моҳ дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон ҳудуди 1 миллион муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия кор мекунанд ва телефон аз василаҳои асосии иртиботашон бо хонавода мебошад.