Зери тарма мондани ду ҳезумчини ҷавони тоҷик
Ду ҷавони 22 ва 25-солаи тоҷик дар ноҳияи Рашт зери тарма мондаанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, мардони 22 ва 25-сола субҳи 10-уми январ барои ҷамъоварии ҳезум ба мавзеи “Сари обпар”-и Рашт рафтаанд: “Ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ногаҳон аз кӯҳ тарма фаромада, ҷавононро зер кардааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар натиҷа ҷавони 22-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ҷавони 25-сола наҷот дода шудааст.