Шарҳи ВКХ дар бораи тамдиди фаъолияти САҲА
Мандати фаъолияти дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон барои соли 2017 то ҳол тамдид наёфтаст.
Мунира Шоинбекова, масъули дафтари матбуоти САҲА дар Душанбе дар шарҳи мавзуъ ба “Озодагон” гуфт, “раиси кунунии САҲА гуфтушунидро оид ба ин мавзӯъ бо мақсади ҳар чӣ зудтар ба мувофиқа расидан идома дода истодааст. То расидани давлатҳои аъзо ба мувофиқа оид ба тамдиди мандат, ин намояндагиҳо кушода боқӣ мемонанд ва фаъолияти маъмурию ба мандат вобастанабударо идома хоҳанд дод”.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар шарҳи мавзуъ ба “Озодагон” гуфт, тамдиди мандати намояндагиҳои САҲА на танҳо дар Тоҷикистон балки дар дигар кишварҳо низ дар сатҳи Шӯрои доимии ин ниҳод мавриди баррасӣ қарор дорад: “Тамдиди мандати фаъолияти САҲА дар Тоҷикистон бо раиси ин созмон мувофиқа шудааст, аммо барои гирифтани тасмими ниҳоӣ на танҳо розигии Тоҷикистон балки тамоми 57 увзи ин кишвар лозим мебошад”.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон тайи соли гузашта аз фаъолияти САҲА интиқод карданд. Аз ҷумла роҳ ёфтани намояндагони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба ҷаласаи САҲА дар Варшава мояи норозигии мақомоти Тоҷикистон шуда буд.