Нигаронӣ аз боло рафтани нархи хизматрасонии кӯдакистонҳо
Шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 маблағи нигоҳубини атфол дар кӯдакистонҳои Тоҷикистон аз 80 сомонии қаблӣ то ба 100 сомонӣ боло рафт.
Гулрухсор, як сокини шаҳри Хуҷанд бо изҳори нигаронӣ мегӯяд, давоми як соли ахир бори дуюм аст, ки нархи таҳсили кӯдакон дар боғчаро баланд мебардоранд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло 3 фарзандашро ба боғча мебарад ва бо гарон шудани арзиши хизматрасонӣ намедонад, ки минбаъд чӣ кор мекунад: “Дар гузашта 35-40 сомонӣ барои як кӯдак маблағ пардохт мекардем. Давоми як сол якбора 60 сомонӣ боло бурда шуд. Ман ҳайронам, ки бо маоши 600 сомонӣ чӣ гуна мешавад зиндагиро пеш бурд?”
Дар ҳамин ҳол, Илҳом Султонов, мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар як тамоси телефонӣ ба “Озодагон” сабаби болоравии арзиши хизматрасонии кӯдакистонҳоро ба “зиёдшавии музди меҳнат, ки онро соли гузашта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд”, рабт дод. Ҷаноби Султонов мегӯяд, ин меъёрбандӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31 марти соли 2016 “Дар бораи пардохти маблағ барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ” ва инчунин моддаи 23-и қонун “Дар бораи Буҷаи давлатии ҶТ” барои соли 2017 ба тасвиб расидааст: “Тибқи ин қарор арзиши хизматрасонӣ дар кӯдакистонҳои шаҳру навоҳии калони Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, Қӯрғонтеппа, Норак, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Бӯстон, Турсунзода, Ваҳдат, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Шаҳринав ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки ба 100 сомонӣ баробар аст, муайян шудааст”.
Барои кӯдакистонҳои шаҳру навоҳии Хоруғ, Исфара, Гулистон, Панҷакент, Роғун, Сарбанд, Кӯлоб, Шуғнон, Зафаробод, Деваштич, Варзоб, Рашт, Файзобод, Нуробод, Ёвон ин рақам 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 75 сомонӣ ва дигар шаҳру навоҳӣ ва шаҳраку деҳоти ҷумҳурӣ 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 50 сомонӣ баробар аст.
Дар кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд мегӯянд, 75 дарсади ин маблағ барои ғизои кӯдакон ва 25%-и он барои хароҷотҳои коммуналӣ ҷудо мешавад.