Қ.Раҳбар: Раисон хизматгори халқанд, дар оянда аз сӯи мардум интихоб мешаванд
Қосими Раҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президент имрӯз, 10 январ зинмни нишасти хабарӣ дар бораи бенизомии кори раисони ҷамоатҳо, талош барои буҷаи алоҳида ва интихобӣ будани раисон изҳори назар кард.
Ӯ гуфт, Кумитаи рушди маҳали назди Президент ба ҳукумат лоиҳае пешниҳод кардаанд, ки дар он низомномаи фаъолияти раисони ҷамоату маҳалҳо ба нақша гирифта шудааст: “Дар оянда бояд дар ҳамаи ҷамоатҳо интернет бошад, ба раисони ҷамоатҳо статус дода шавад, ки воқеан онҳо корҳои хуб кардаанд, то ки дигар ҷавонон барои ишғоли ин мансаб кӯшиш кунанд”.
Қосим Роҳбар аз фаъолият ва интихоби раисони ҷамоату маҳалҳо нигаронӣ карда, гуфт қисман салоҳияту ҳуқуқи худро намедонанд: “Баъзан танҳо бо корҳои ташкилие, аз ҷумлаи даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҳашар машғул мешаванд, вале ваколатҳои онҳо хеле васеъ аст. Камбудиҳо бисёранд. То ин давра натанҳо раисони маҳалҳо, ҳатто раисони ҷамоатҳо низ як низомномаи фаъолиятро надоштанд. Мо кормандони давлатӣ хизматгори халқ ҳастем, мақсади асосии мо дар сатҳи ҷамоат хизматрасонӣ ба халқ ҳаст. Аммо то ҳозир рӯйхату мафҳуми химзматрасонӣ нест ва феҳристи он то ҳозир вуҷуд надорад”.
Ӯ аз бенизомии феълӣ дар фаъолияти ҷамоатҳо интиқод намуда, ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакиро мисол овард, ки дар вақти селфароӣ натавонистанд теъдоди сокинону ҳуҷҷатҳои марбут ба онҳоро пешниҳод кунанд: “Аз ин рӯ лоиҳаи Қарори ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи дар асоси таҷрибавӣ ҷорӣ намудани низоми ташаккул ва иҷрои мустақилонаи буҷети шаҳрак ва деҳот” таҳия шуда, ба Дастгоҳи иҷроияи Президент пешниҳод гардид. Мо бо ташкилоти байналмилалии USAID як лоиҳаи қарор тартиб додем, ки ба таври таҷрибавӣ чор ҷамоати пилотӣ-Сучони Бадахшон, деҳаи Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат, шаҳраки Лучоби ноҳияи Ёвон ва шаҳраки Бобоҷон Ғаффурови ноҳиияи Бобоҷон Ғафуров интихоб шуд. Мақсади асосии мо алоҳида кардани буҷети ҷамоату маҳалҳо мебошад, ки мустақил бошанд. Мо медонем, ки ҷамоатҳо буҷет надоранд, онҳо танҳо моҳона мегиранду халос”.
Ба гуфтаи Қосими Раҳбар дар ҳоли ҳозир дар кишвар 430 шаҳраку ҷамоат мавҷуд буда, аз ин 60 шаҳрак ва 370 ҷамоат мебошад: “Онҳо шароити хуб надоранд, аммо дар оянда мо кӯшиш мекунем, ки шароити онҳо хуб шавад. Ҳамчунин мо тарафдори он ҳастем, ки барои раисони маҳал як маблағи муайян ҷудо карда шавад. Бояд роҳбарони ноҳияву шаҳрҳо низ ин иқдомро дастгирӣ кунанд”.
Инчунин ӯ дар мавриди интихоби раисони ҷамоатҳо аз сӯи аҳолӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир онҳоро раисони ноҳияҳо интихоб мекунанд, вале дар оянда қадам ба қадам механизми интихоби раисони ҷамаотҳо аз ҷониби мардум ба роҳ монда мешавад: “Ба мардум бояд шароите дод, ки бо роҳбари худ суолу ҷавоб кунад, мардум метавонанд, ки ба раисшавандаҳо суол дода, донишу малакаи ӯро санҷанд. Хуб мешавад, агар номзадҳои алтернатив дар чунин интихоботҳо ширкат дошта бошанд ва мардум аз рӯи барномаҳояшон номзади беҳтаринро интихоб кунанд. Бояд мардум камбудиҳоро гап зананд, дар ин ҷо шуурнокии мардуми маҳал муҳим аст, ки ҷавобгариро нисбати роҳбаршаванда ҳис кунанд”.
Қосим Роҳбар аз таҷрибаи Қирғизистон мисол оварда, гуфт, ки 5 сол қабл мардум раисони ҷамоатро саҳар интихоб карда, бегоҳ аз кор холӣ мекарданд, ки ин оқибати хуб надорад.