Боздошти 17 "ходими дин" бо иттиҳоми пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ
Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон аз боздошти 17 нафар бо иттиҳоми пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ хабар дод, ки дар гузашта ба ҳайси ходими дин фаъолият доштаанд.
Ҳусейн Шокиров, сардори Раёсати иттиҳодияҳои дин имрӯз, 10 январ дар нишасти хабарии Кумитаи дин гуфт, ин афрод давоми соли 2016 барои пайвастан ба ҷараёни “Салафия” ва созмонҳои дигари фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ, дастгир шудаанд.
Ба қавли Шокиров, миёни боздоштшудаҳо онҳое ҳам ҳастанд, ки таълимоти диниро дар хориҷ гирифтаанд: “Инҳо собиқ ходимони дин ҳастанд, яъне дар гузашта ифои вазифа менамудаанд”.
Масъулини Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ мегӯянд, барои ҷилавгирӣ аз шомил шудани шаҳрвандон ба гуруҳҳои ифротӣ пайваста чорабиниҳо мегузаронанд. Ба гуфтаи онҳо, бештари шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар, аз ҷумла дар Русия ба доми гуруҳҳои ифротӣ меафтанд.