Геологи №1 дар бораи "ширкатҳои беномус" ва қонуни нав дар бораи қаъри замин (ВИДЕО)
Мурод Хол, раҳбари Саридораи геологияи Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати кишвар давоми се соли охир додани иҷозатномаи кор дар конҳои кишварро мутаваққиф кард.
Ӯ имрӯз, 10-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, қаблан бархе аз ширкатҳо аз ҷавонии ҳукумат сӯиистифода карда, иҷозатномаҳои аз ҳукумат гирифтаашонро дар биржаҳои байналмилалӣ барои пулкоркунӣ истифода менамуданд: “Аз ҷавонии ҳукумат истифода мекарданд. Вақте иҷозатномаи кор ё омӯзиш дар ин ё он конро мегирифтанд, баъзеашон ҳатто технологияю техникаи коркарди конро надоштанд”.
Ба гуфтаи Мурод Хол баъзе ин ширкатҳои беномус дар биржаҳои байналмилаллӣ бо сӯиистифода аз иҷозатномаҳо барои ширкатҳои сеюм шароити корӣ ва қонунгузории Тоҷикистонро таҳриф мекарданд: “Вақте ширкатҳои сеюм меоянд, мебинанд, ки аллакай шароиту қонунгузорӣ дигар аст. Аз ҷумла қонунгузории Тоҷикистон иҷозат намедиҳад, ки ширкат бе розигии ҳукумат иҷозатномаи кор дар конҳоро ба тарафи сеюм диҳад”.
Ӯ аз ҷумла зикр кард, ки ҳолатҳои сӯиистифодаи ширкатҳо аз ҷумла дар конҳои Зиддӣ, Назарайлоқ ва ғайра ба қайд гирифта шудааст.
Сардори Саридораи геология афзуд, ин нофаҳмӣ боис мешавад, ки ширкатҳо ба интиқоди ҳукумату шароити корӣ дар Тоҷикистон мепардозанд.
Ӯ афзуд, айни ҳол 90 кон барои омӯзиш пешниҳод шудаанд ва 10 кони дигар барои коркард омадаанд ва иҷозатномаи кор дар ин конҳо баъди озмун ва иҷрои расмиёту шартҳои ҳукумат ба ширкатҳо ироа хоҳад шуд. Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, қонуни нав дар бораи қаъри заминро қабул кунад, ки дар он манофеи давлат ҳимоя шавад ва барои даҳсолаҳо мавриди амал қарор гирад.