Ҳалокати ронанда аз зарби нерӯи барқ
Ронандаи 40-солаи мошини “ГАЗ-3110” аз ноҳияи Спитамен, шоми 8-уми январ ҳангоми кандани рақами мошинаш ба ҳалокат расидаст.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ронандаи мошини “ГАЗ-3110” ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, дар километри 261-ум, ҳудуди ҷамоати деҳоти Куркати ноҳияи Спитамен бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст.
Ба иттилои манбаъ ронанда дар пайи бархӯрд ҷон ба саломат бурдааст, аммо ҳангоми ҳангоми кандани рақами давлатии мошинаш аз зарби қувваи барқи ноқили кандашудаи симчӯб дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.