Сардии шадид муҳоҷири тоҷикро аз ангуштонаш маҳрум мекунад
Табибони рус гуфтаанд, эҳтимол ангуштони сармозадаи як муҳоҷири тоҷикро бибуранд.
Бино ба иттилои расонаҳо, шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон ҳоло дар бемористони Александровскаяи шаҳри Санкт-Петербург бистарӣ аст. Ӯ рӯзи 6 январ ба беморхона омада, гуфтааст, дастонашро рӯзи 5 январ дар ҳудуди як қитъаи сохтмонӣ дар шаҳраки Янинои ноҳияи Всеволожскаяи вилояти Ленинград сард задааст.
Дар ҳамин ҳол, табибон аз бошандагони Санкт-Петербург даъват кардаанд, аз эҳтиёт кор бигиранд. Ахиран, ҳарорати ҳаво дар Русия ба шиддат сард шудааст.