Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми ахири худ ба парлумон гуфт, “бо дарназардошти сатҳи баланди ҳамгироии иқтисодиёти кишварамон ба савдои байналмилалӣ ҷиҳати рақобатпазирӣ дар ҷалби сармоя ва бозорҳои молии ҷаҳон, баробар кардани сатҳи андозбандӣ бо шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратӣ ва давлатҳои ҳамсоя аҳаммияти муҳим пайдо намудааст”. Раисҷумҳур дар зимн ба ҳукумат супориш дод, ин масъаларо бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодиву молиявӣ ҳаматарафа омӯхта, дар семоҳаи аввали соли 2017 пешниҳоди мушаххас манзур намояд. Дар робита ба ин “Озодагон” аз соҳибназарону коршиносон пурсид, ки БАРОБАР КАРДАНИ САТҲИ АНДОЗБАНДӢ БА ҲАМСОЯКИШВАРҲО ИМКОН ДОРАД?
Ҳоҷимуҳаммад УМАРОВ, профессори иқтисод
Чунин имкон вуҷуд дорад. Ҳатто имкон аст, ки ба хотири ҷалби сармояи бештар ба кишвар сатҳи андозбандӣ аз мизони андозбандии ҳамсоякишварҳо поинтар карда шавад. Коҳиши сатҳи андозбандӣ ба буҷа зарар надошта, баръакс ҳар қадаре, ки сатҳи андозбандӣ паст бошад, ҳамон қадар даромаднокии буҷет зиёд мешавад. Ин як таҷрибаи умумиҷаҳонӣ аст. Мутаассифона дар Кумитаи андоз, ки аз назарияву амалияи андоз чандон хабардор нестанд, ҳамин чизҳоро ба назар нагирифтаанд. Мардум аз андоз гурехта, ба фаъолияти пинҳонӣ гузашта ва корхонаҳоро барҳам дода истодаанд. Агар сатҳи андозбандӣ паст карда шавад, онҳо нагурехта, бе қонуншиканӣ андозро супоридан мегиранд.
Раҳим ҚАЛАНДАРОВ, муҳоҷири меҳнатӣ
Сатҳи балантарини андоз дар ҷумҳурии мост. Ҳатто бовар кунед, аз кӯдак то донишҷӯ имрӯз андоз месупорад. Мисоли оддӣ, аз як симкорти телфон 0,80 дирам мегиранд. 2-3 сол пас бо ҳар баҳона аз хоҷагии деҳқонӣ ё фермерӣ бо баҳонаи иваз кардани ҳуҷҷатҳо пул меситонанд. Як сол сертификат кардан боз сертификатро баҳона карда, ба дигар чиз иваз карда, боз оянда намедонам чӣ фикр мекарда бошанд. Акнун ман аз баланд будани андозҳои соддакардашудаву андоз аз даромад, андоз аз роҳ, андоз аз мусофиркашии шаҳр ва дигар андозбандиҳо ҳарф намезанам. Сатҳи баробар не, ҳатто имкони аз ҳамсоякишварҳо паст кардан ҳам вуҷуд дорад.
Исфандиёр ХАЛИЛӢ, шореҳи масоили иқтисодӣ
Баробар кардани сатҳу ҳаҷми андозҳо бо ҳамсоякишварҳо имкон дорад, агар замина барои ин кор фароҳам бошад. Дар акси ин сурат ҳеч имкон надорад, зеро буҷети Тоҷикистон асосан аз ҳисоби ҷамъоварии андоз ва боҷи гумрукӣ пур мешавад. Яъне имрӯз Тоҷикистон дар сафи кишварҳое қарор дорад, ки аз ҳама гаронтарин ва аз ҳисоби навъ бештарин навъи андозҳоро дорад ва аз рӯйи натиҷагирии Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ нарх (ставка) ё меъёри андозбандӣ ба болои 80 дарсад мерасад, ки ин нишондод дар кишварҳои пешрафта аз 15 то 30 дарсад ва дар кишварҳои нисбатан рушдкарда то 50 дарсад аст. Ин нишондод маънои онро дорад, ки иқтисод ва буҷети давлати мо шадидан ба андозу ҷамъоварии он вобастагӣ дорад ва то замоне ки ин вобастагӣ кам карда нашавад, имкони баробар кардани сатҳи андозбандӣ ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла Қирғизистон вуҷуд надорад. Зеро масъулони бахши молиётии мо дар соли 2012 бар асоси пешниҳоди созмонҳои хориҷӣ ва соҳибкорон тасмим гирифтанд, ки як миқдор сабукиҳо дар андозбандӣ рӯи даст гиранд ва дар Кодекси андоз тағйирот ворид карданд. Дар раванди ин тағйирот соҳибкорон пешниҳодҳои зиёд дар бораи пойин бурдани ҳаҷму навъи андозҳо ироа карданд, аммо замоне ки қонун дар таҳрири нав ба тасвиб расид, он интизориҳое ки соҳибкорон чашмдор буданд, бароварда нашуд. Аз ин пеш андозҳо 25 навъ буданд, 21 навъи андози умумиҷумҳуриявӣ ва 4 андози маҳаллӣ. Баъди тағйирот навъи андозҳо ба 11 намуд пойин оварда шуданд, ду намуди андози маҳаллӣ боқӣ монд. Аммо боз баъзе намуди андозҳо аз ҳисоби фоиз ё ҳаҷм афзоиш ёфтанд. Барои мисол, қаблан андоз аз арзиши афзуда барои соҳибкороне, ки даромади солонаашон 800 ҳазор сомонӣ буд, ситонида мешуд, дар ин тағйирот аз 200 ҳазор сомонӣ даромади солона ситонидани андоз тасвиб шуд. Ҳоло ба фикрам ин рақам ба 500 ҳазор сомонӣ баробар шуд. Аммо баъзе навъҳои андоз аз ҳисоби фоиз боло рафт ва хулоса ин тағйирот натиҷаи мусбате надошт ва ҳамоно меъёри андозии мо аз ҷониби созмонҳои хориҷӣ болои 80 дарсад таъбир мешавад. Бо чунин вазъ мо ба сатҳи кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қирғизистон, ки шабоҳатҳое ҳам дар ҷуғрофиё ва иқтисоди ин ду кишвар мушоҳида мешавад, нарасидаем. Масалан, дар Қирғизистон 6 намуд андози ҷумҳуриявӣ ва 2 намуд андози маҳаллӣ вуҷуд дорад. Дар Қазоқистон, ки кишвари нисбатан рушдкарда аз лиҳози иқтисодӣ аст, 9 навъи андоз вуҷуд дорад. Дар ҳоле ки шароити иқтисодии мо бо ин кишвар тамоман фарқ дорад ва барои кишвари иқтисодаш заиф андози бисёр ва гарон мардумро фақиртар месозад. Яъне, кишвар ҳар қадр фақиртар бошад, андозҳо бояд камтар шавад то мардум имкони кор кардан ва даромад ба даст оварданро дошта бошанд, дар акси ҳол муфлисшавӣ ва барҳамхурии фаъолияти соҳибкорӣ зиёд мешавад. Барои рақобат кардан бо кишварҳои минтақа аз лиҳози андозбандӣ, бояд замина барои фаъолияти тавлидӣ, истеҳсолӣ ва камтар шудани вобастагӣ аз воридот фароҳам шавад. Барои ин кор мо ҳадди ақал аз рӯи пешбинии ҳукумат се соли дигар сабр кунем то барқи доимӣ барои ташкили корхонаҳо ва шароити тавлидоти дохилӣ муҳайё шавад. Аз сӯи дигар зарурате пеш омадааст, ки вобастагии буҷет аз андозро камтар кунем ва аз ҳисоби даромадҳо ва хизматрасониҳое назири туризм ва хизматрасониҳои дигар таъмин намоем.
Алӣ АЛИЗОД, коршинос
Албатта, имкон дорад, аммо паём барои амалӣ шудани он басанда нест. Барои амалӣ шудани ин иқдом қарори парлумон оид ба ин лоиҳа ва имзои Президент лозим аст. Аммо парлумон ин иқдомро замоне қабул мекунад, ки он аз тарафи Президент пешниҳод шавад. Хулоса, ман дар баробаркунии сатҳи андозбандии мо бо ҳамсоякишварҳо ҳеч мушкилиеро намебинам. Баръакс имрӯз паст кардани андозбандӣ то як меъёри муайян хело муҳим ва зарур аст.
Бобоҷони ШАФЕЪ, ҷомеашинос
Имкон аст ё не инашро бояд иқтисоддонҳо донанд, вале он ки зарур аст, баҳс надорад. Тоҷикистон на танҳо дар миёни ҳамсояҳо, балки дар миёни кишварҳои олам як мамлакате эътироф шудааст, ки андозбандии шигифтовар дорад. Дар ин бора борҳо гуфта шудааст. Як сабаби паст рафтани сатҳи зиндагии мардум ҳамин андозҳои миёншикан мебошанд. Имрӯз бояд ин корро кард ва Сардори давлат дуруст дастур дод. Дар вазъи буҳрони иқтисоди андози калон муҷиби гаронии бештари нархҳо мешавад. Аз ин рӯ зарурати ба ҳамсоягон баробар кардан ва ҳатто аз онҳо низ поинтар бурдани андозбандӣ кайҳо ба миён омадааст.
Маҳдӣ СОБИР, сокини шаҳри Душанбе
Бале имконпазир аст. Халқ мегӯяд, “усул дар дасти мусиқинавоз аст”. Масъулин ҳар чи хоҳанд ҳамон мешавад.
Мирзо ҲАФИЗОВ, соҳибкор
Агар андозҳо паст карда шаванд, бовар кунед бисёр кори хубе мешавад. Аз сатҳи андозбандии ҳамсоякишварҳо он қадар маълумоти зиёд надорам, лекин шунидаам, ки дар муқоиса ба кишвари мо андозбандияшон пасттар аст. Боварӣ дорам, ки ин гуна имконият, ки сатҳи андозбандиҳо поинтар бурда шавад, дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Агар ин кор амалӣ шавад, дар пардохти андозҳо ба соҳибкорон ҳам сабук мешавад ва мо хеле хурсанд мешавем аз дастури Президенти кишвар.