Тибқи иттилои департаменти иттилооти ВКХ, зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҷории муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, гидроэнергетикӣ ва инфрасохторӣ баррасӣ гардиданд.Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар масъалаҳои марбут ба Афғонистон ва идомаи ҳамкориҳои фаъоли тиҷоратӣ ва иқтисодии миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро бо ҷалби шарикони минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналхалқӣ бо мақсади ҳарчӣ зудтар пиёда сохтани лоиҳаҳои умумиминтақавӣ низ муҳокима карданд.
Манбаъ афзуд, дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои сиёсати минтақавӣ ва байналхалқии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи андеша доир гардид.