Дар ин бора зимни як нишасти матбуотии вижа дар ҳузури журналистон Владимир Чуров, райиси Комиссияи Марказии Интихоботии ФР иттилоъ дод. Номбурда, ки шоми дирӯз тариқи шабакаҳои телевизионии ин кишвар сухан мегуфт, иброз дошт, ки дар интихобот ба Думаи давлатии Русия ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” (Единая Русия) беш аз 50 дар сади раъйҳоро соҳиб шудааст: «То ин лаҳза 75 дар сади варақаҳои овоздиҳӣ шумурда шудаанд. Ҳизби коммунисти Русия ҳудуди 20 дар сад, “Русия боадолат” (Справедливая Русия) 13 фойиз ва ҳизби либерал-демократӣ 12 дар сади овозҳоро ба даст овардаанд.
Ҳамзамон, Дмитрий Медведев, президенти Русия, дар робита ба пирӯзии “Русияи воҳид” гуфт, ки ин "ҳизб аслан аз 50 дар сади аҳолии мо намояндагӣ мекунад, натиҷаҳои ниҳоӣ боз муайян хоҳанд шуд ва ҳоло бигузор чизе мехоҳанд бигӯянд, натиҷаи демократияи воқеъӣ, демократияи воқеъии дар амал аст".
Раиси КМИ-и Русия Владимир Чуров изҳор намуд, ки натиҷаҳои ниҳоии интихобот охирҳои ҳафта эълон мешавад.