Шабдолов: Ҳеч гоҳ ба раҳбарии Ҳизби коммунист барнамегардам
Шодӣ Шабдолов, собиқ раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон мегӯяд дигар ҳеч гоҳ ба раҳбарии ин ҳизб барнамегардад, зеро мехоҳад аз хушомадгӯию дурӯягӣ канор бошад.
Шабдолов имрӯз, 6 январ дар суҳбат бо “Озодагон” аз афзоиши чоплусӣ ва нақзи оинномаи ҲКТ интиқод карда, афзуд, ки то охири умр узви ҳизб боқӣ мемонад, аммо ба Кумитаи марказии он барнамегардад: “Ман дигар нахостам бо он рафиқҳое, ки рӯирост ба ҳизб ва платформа ва мавқеъгиии ҳизб хиёнат карданд, ҳамнишин бошам. Аз ин рӯ дар охирин анҷуман бо нишони эътироз гуфтам, ки дигар ин ҷо истода наметавонам. Дар ҳизб дурӯяҳо зиёданд ва ман дар ақидаам устувор буда, дигар барнамегардам”.
Ба гуфтаи Шабдолов роҳбарияти ҲКТ аз мавқеи марксистӣ сарфи назар кардааст, вале бо хушомадгӯӣ ва тамаллуқ обрӯй нахоҳад ёфт.
Ӯ афзуд, тарафдори он аст, ки дар ҳизб ҷавонҳои донишманд зиёд бошад: “Раҳбарияти ҳизброо танҳо анҷуман интихоб мекунад. Барои раиси ҳизб бояд сиёсатшиносу таърихдон буд. Худи Азимҷон Насимов, барои ҷавон кардани ҳайат гап мезанад, вале синну соли худаш аз 80 боло рафтааст”.
Мирзоазим Насимов, мушовири иқтисодии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, ки баъди даргузашти Исмоил Талбаков раиси муваққатии Ҳизби коммунистӣ интихоб шудаст, ахиран ҳизби ба истиллоҳ киссагӣ будани ҲКТ-ро рад карда, афзуд, ки барои нуфузи ҳизб бо ҳамаи аҳзоби расмӣ кор хоҳанд кард. Теъдоди аъзои ҳизб айни ҳол ҳудуди 35 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад, ки ба гуфтаи Насимов 80%-и онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аммо бархе муътақиданд, ки баъди раҳбарии Шабдолов дар ҲКТ, ки 26 сол давом кард, ин ҳизб пойбанди ҳукумат хоҳад шуд.