АКС: Пешниҳоди ба номи Шарифи Мисайзод гузоштани мактаби №23
Масъулини мактаби таҳсилоти миёнаи №23-и рустои Пушёни поёни ноҳияи Восеъ пешниҳод кардаанд, ин муассисаи таълимӣ ба номи журналист Шарифи Мисайзод гузошта шавад.
Исроил Раҷабов, мудири мактаби №23 дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, имрӯз, 6 январ бахшида ба солрӯзи Шарифи Мисайзод дар мактаб маҳфили ёдбуд баргузор мешавад: “Ба ин маҳфил пайвандони марҳум даъват шудаанд. Мо ният дорем дар оянда мактаб ба номи Шарифи Мисайзод гузошта шавад. Ӯ соли 1983 ин мактабро хатм кардааст”.
Ин дар ҳолест, ки шаш сол қабл мактаби №23 номи Юсуф Ваҳҳобов ро гирифта буд. Раҷабов аз Ваҳҳобов “шаҳиди роҳи озодӣ дар солҳои 90” ёд кард.
Шарифи Мисайзод 16 июни соли 2016 дар синни 50 бар асари бемори қалб дар шаҳри Душанбе даргузашт. 17 октябр Иттифоқи журналистон эълон кард, Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2015 дар бахши матбуотро баъд аз марг ба Мисайзод эъто кардаанд.
Шарифи Мисайзод 6 январи соли 1966 ба дунё омадааст. Фориғутаҳсили факултаи филологияи тоҷик (шӯъбаи журналистика)-и Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар соли 1990 мебошад. Фаъолияти кориро соли 1992 аз идораи Ахбори радиои “Тоҷикистон” шурӯъ карда, яке аз масъулини барномаи машҳури “Хоки Ватан” дониста мешавад.
Солҳои охир аз хабарнигорони фаъоли радиои "Садои Душанбе" буд. Ӯ машқи шеър ҳам мекард ва навиштаҳояш бо тахаллуси Шайдо дар матбуоти даврӣ нашр шудаанд.