6 нафар кормандони ин муассиса барои дуздидани дандонҳои тиллоии мақтулон муттаҳам мешаванд.Ҷиноят дар яке аз муассисаҳои ҷасадсӯзии Сеул содир шудааст, истинодан ба пулиси ин шаҳр навиштааст хабаргузории «Agence France-Presse».Ба қавли пулис яке аз ҷинояткорон бо насаби Ли, шурӯъ аз соли 2006 беш аз 20 миллион вон ( муодили чизе бештар аз 17 ҳазор доллар) аз фурӯши ин дандонҳо даромад гирифтааст. Ҷинояткорони дигар барои даромади муфти тақрибан 12 ҳазор доллар муттаҳам мешаванд.
Тиллоҳои дар печҳои ин муассисаи ҷасадсӯзӣ обшуда барои сохтани ҷавоҳирот ва маснуъоти ороишӣ ва сохтани дубораи дандонҳои тиллоӣ масраф мешудааст.
Гуфтанист, ки солҳои охир ҷасадсӯзӣ дар Куриёи шимолӣ афзуда, танҳо соли 2010 67,5 фисади ақрабои мақтулон ҷасади хешовандони фавтидаашонро аз тариқи сӯзонидан “ба хок супоридаанд”.