2 ташкилот кам: Идомаи муфлисшавиҳо дар низоми бонкӣ
Бонки миллии Тоҷикистон аз қатъи фаъолияти боз ду ташкилоти хурди қарздиҳӣ дар кишвар иттилоъ дод.
Тавре аз ин ниҳод имрӯз, 29-уми декабр ба “Озодагон” иттилоъ доданд, фаъолияти муассисаҳои қарздиҳии хурди “Гендер ва тараққиёт” ва “Танаис” 28 декабр, дар пайи пешниҳоди аризаҳои барҳамдиҳии ихтиёрӣ қатъ гардид: “Иҷозатномаҳои ташкилотҳои қарзии хурди номбурда, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 25 июли соли 2005, таҳти №195 ва 4 январи соли 2006, таҳти №4 барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд гардиданд”.
Бонки Миллӣ масъулини ин муассисаҳоро уҳдадор кардааст, ки ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзии номбурда, комиссияҳои барҳамдиҳиро таъсис диҳанд.
Ин дар ҳолест, ки давоми ду соли охир даҳҳо ташкилоти хурди қарздиҳӣ дар кишвар барҳам дода шуд. Бонки Миллӣ ин равандро ба вазъи бади молиявии муассисаҳои қарздиҳӣ рабт медиҳад.