Душанбею Тошканд дар бораи чӣ созиш карданд?
Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон, натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукуматии ду кишварро, ки 28-уми декабр дар Душанбе анҷом ёфт, эълон намуд.
Ба гуфтаи Шоҳисломов дар пайи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон протокол оиди оғози парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дар нимаи аввали соли 2017 ба имзо расида, созиш шуд, ки саноатчиёни Узбакистон алюминийи тоҷикро харидорӣ хоҳанд кард.
Сафири Узбакистон дар суҳбат бо расонаҳо афзудааст, санадҳо дар мавриди коҳиши тарифҳои ҳамлу нақл тариқи роҳи оҳан ва додугирифти тарафайни мол имзо шудаанд.
Дар доираи ҷаласаи Комиссия, ки таҳти роҳбарии Рустам Азимов, ноиби нахуствазири Узбакистон ва Давлаталӣ Саид, ноиби аввали нахуствазири Тоҷикистон баргузор гардид, созиш шудааст, ки дар Душанбе анҷумани соҳибкорони тоҷику узбак ташкил шавад. Инчунин моҳи апрели соли равон ташкили намоишгоҳи маҳсулоти Узбакистон дар Душанбе ба нақша гирифта шудаст.
Вазорату идораҳои ду кишвар муваззаф шудаанд, ки дар мавриди роҳандозии омаду рафти автобусҳои мусофирбар миёни Тоҷикистону Узбакистон лоиҳаи созишномаро таҳия кунанд.
Дар назар аст, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ моҳи июни соли оянда дар Тошканд баргузор шавад.