ВИДЕО: Қатли маъшуқи тоҷик аз сӯи духтарон ҳангоми бозиҳои маҳрамона
Кумитаи тафтишотии Русия ду духтари 21 ва 17-сола, сокинони шаҳри Дмитровгради вилояти Уляновскро дар қатли ҷавони 24-солаи тоҷик ҳангоми бозиҳои маҳрамона муттаҳам мекунад.
Алексей Колотов, масъули раёсати Кумитаи тафтишотии вилояти Уляновск мегӯяд, айбнома алайҳи духтарони ҷавон 27-уми декабр эълон шудааст. Ба иттилои манбаъ духтарон бо ҷавони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинос шуда, барои мулоқот дар шаби 23-юми декабр созиш кардаанд: “Ҷавони тоҷик махсусан барои мулоқот бо духтарон дар бинои рақами 22-и кӯчаи Славск хона ба иҷора гирифта, дастархон оростааст. Зимни мулоқот ҷавонҳо бозиҳои маҳрамонаро оғоз намуда, духтарон ҷавони тоҷикро баста, буғӣ кардаанд”.
Ба иттилои тафтишот ҳангоми фирор духтарон маблағ ва ашёи кушташударо гирифта, рӯзи дигар муттаҳами ноболиғ, гӯиё чизе нашудааст, ба мактаб рафтааст: “Айни ҳол духтари ноболиғ ба ҳабси хонагӣ ва муттаҳами 21-сола ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо бо иттиҳоми қатл ва роҳзанӣ идома дорад”.