Гаравгонгирии “прораб”-и тоҷик ва талаби 300 ҳазор рубл
Афроди номаълум дар шаҳри Санкт Петербург шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба ҳайси “прораб” кор мекардааст, гаравгон гирифтаанд.
Дар ин бора расонаҳои Петербург аз қавли мақомоти умури дохилии ин шаҳр иттилоъ дода, афзуданд, ки гаравгонгирҳо барои раҳоии “прораб”-и тоҷик 300 ҳазор рубл талаб доранд: “Ба мақомоти пулис модарарӯси “прораб” муроҷиат карда, арз доштааст, ки домодаш бояд ахиран маблағ мегирифт то ба коргаронаш пешпардохт кунад. Аммо шоми 27-уми декабр дигар ба зангҳои телефонӣ ҷавоб надод ва рақамҳояш паём расид, ки ӯро гаравгон гирифтаанд. Баъдан занг зада хабар додааст, ки ӯро дар беруни шаҳр нигоҳ медоранд ва барои раҳоияш 300 ҳазор рубл талаб доранд. Айни ҳол телефонаш хомӯш мебошад”.
Ба иттилои расонаҳои Русия гаравгонгирҳо бояд макони пардохти маблағро 28-уми декабр дақиқ мекарданд: “Феълан таҳқиқи қазия идома дорад”.