Дар 12 моҳе, ки гузашт, исми кадом занҳо бештар дар расонаҳо чарх зад? Хабарнигори “Озодагон” талош кард, номи баъзе аз онҳоро гирд оварад. Шумо ҳам дар комил шудани ин рӯйхат кумак намоед.
АЗИЗАМОҲ РАҲМОНОВА, ҳамсари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зимни як сафар ба Арабистони Саудӣ Хонаи Худоро зиёрат кард. Баъди ин, Абдуллоҳи Муҳаққиқ, коршиноси маосили динӣ пешниҳод кард, то ба ӯ унвони “пешвои занони исломӣ” дода шавад.
ОЗОДА РАҲМОН, духтари бузурги раисҷумҳури Тоҷикистон, имсол аз курсии муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба мақоми раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент расид. Моҳи май ӯ ҳамчунин узви Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумон интихоб шуд.
НУРБИБӢ МАНСУРОВА, сокини 47-солаи шаҳри Кӯлоб баъди он ба сархати расонаҳо баромад, ки “theopenasia.net” навишт, ӯ беш аз 20 фарзанд таваллуд карда ва 15 нафари онҳо дар қайди ҳаёт ҳастанд: “Нурбибӣ аллакай 4 духтари калонашро ба шавҳар дода, соҳиби 9 набера мебошад. 11 фарзанди дигар ҳамроҳи волидон зиндагӣ мекунанд”. Ба иттилои манбаъ, Нурбибӣ ҳомиладор буда, фарзанди 25-уми худро интизор аст.
ДИЛБАР ГУРГОВА, ҳамсари Амрулло Нуров, ки бо иттиҳоми узвият ба гуруҳи “Ҳоҷӣ Ҳалим” 23 сол равонаи зиндон шуд, барои он дар сархати расонаҳо буд, ки мегуфт, ҳамроҳи 5 фарзанди ноболиғаш бо сахтӣ зиндагӣ мекунад. Ӯ ҳатто аз давлат хоста буд, аз ҳисоби амволи собиқ муовини вазири мудофиа барояш хона бидиҳанд.
МАКНУНА НИЁЗОВА, тарроҳи тоҷик дар бахши намоиши либосҳои замонавӣ дар “Asia Model Festival-2016” ё Ҷашнвораи муди Осиё, ки дар шаҳри Сувони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, соҳиби ҷоизаи махсус гашт.
МАНИЖА ДАВЛАТОВА, сарояндаи замоне овозадори тоҷик имсол расман хабар дод, ки дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” саҳифа боз кардааст. Баъди солҳои тӯлонии рӯи саҳна набудан, ӯ хабар дод, ки бо овозхонҳои тоҷик ҳамкорӣ дорад ва барои онҳо оҳанг менависад.
ПАРВИНА САИДОВА, модели 28-сола, ки соҳиби панҷ фарзанд аст, дар озмуни зебоии “Miss World Beauty”-и Остона ҷоизаи “Missis International 2016”-ро ба худ ихтисос дод.
ЗАРАФО РАҲМОНӢ, мушовири ҳуқуқии раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ, ки давоми як сол дар маҳбас буд, 6 сентябр ба озодӣ баромад.
ЗАРИНА ЮНУСОВА, модари Умаралӣ Назаров, тифли 5-моҳаи тоҷик, ки ба таври мармуз дар Санкт-Петербурги Русия даргузашт, имсол ҳам дар сархати расонаҳо буд. Ӯ, ки аз сӯи мақомоти Русия ба Тоҷикистон депорт шуд, ахиран натиҷаи ташхиси тиббии Русия дар мавриди марги писарашро қабул накард.
ШАБНАМИ СУРАЙЁ, овозхони саршиноси тоҷик, барои рақси ду бонуи нимбараҳна ҳангоми сурудхониаш дар шаҳри Ҳамбурги Олмон аз ҷониби мухлисони тоҷикаш танқид шуд. Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, чунин рақс дар ҳавои таронаи фолклории “Кабки хушрафтор” хеле нороҳаткунанда аст.
ҲИЛЛАРИ КЛИНТОН, номзад ба мақоми президентӣ дар Амрико аз рақибаш Доналд Трамп шикаст хӯрд.
ЮЛДУЗ УСМОНОВА, овозхони мардумии Узбакистон, ки солҳои зиёд садояш “ҳабс” шуда буд, пас аз сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев ба шабакаҳои телевизионии кишвараш роҳ ёфт.
САША ОБАМА, духтари хурдии Барак Обама, раисиҷумҳури амалкунандаи Амрико ба хотири фосила гирифтан аз зиндагии шоҳона дар Қасри Сафед ба кор дар як тарабхона пардохт. Ин духтари 15 сола дар тарабхонаи ғизоҳои баҳрӣ дар ҷазираи Винеярди Массачусет машғул ба кор шудааст. Кори вай аз соати 7:30-и субҳ то 11 тӯл мекашад.
НАДЯ САВЧЕНКО, халабони низомии Украина, ки барои даст доштан дар куштори ду хабарнигори рус 22 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, моҳи мйи соли равон аз зиндони Русия раҳо гашт.
ХАДИЧА ИСМОИЛОВА, хабарнигори бахши озарии Радиои Озодӣ бо қарори Додгоҳи олии Озарбойҷон аз маҳбас озод гашт. Хонум Исмоилова соли сипаришуда бо ҳукми Додгоҳи Боку дар тақаллуби молӣ муҷрим шинохта шуда, барои 7,5 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд.