Қабули барномаи рушди Тоҷикистон бе маблағи муҳоҷирон: 26 миллиард $ даркор
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 28-уми декабр барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2016-2020-ро қабул намуд, ки гузариш ба модули нави пешрафтро пешбинӣ кардааст.
Умед Давлатзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо зимни муаррифии лоиҳа гуфт, барнома рушди соҳибкорӣ, савдои дохилӣ, энержӣ ва дигар соҳаҳоро фаро гирифта, дар маҷмуъ барои татбиқи он 25,6 миллиард доллар зарур аст: “Аз ин миқдор маблағ 55 фоизаш аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва боқимонда аз ҳисоби бахши хусусӣ ва шарикони рушд таъмин хоҳад шуд. Истеҳсоли барқ ба 26,2 миллиард киловат расонда мешавад, ки нисбати соли 2015 якуним баробар зиёд мебошад. Нигоҳ доштани рушди иқтисодиёти кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ то 27 фоиз дар назар аст”.
Шариф Раҳимзода, вакили парлумон афзуд, ин барнома гузариш ба модули нави рушди иқтисодро дар бар мегирад, ки нисбати модули қаблӣ бартарӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ дар доираи барнома аз ҷумла масъалаи ташкили ҷойҳои нави корӣ, коҳиши вобастагии кишвар аз маблағҳои интиқолӣ дар назар аст.
Раҳимзода афзуд, афзоиши истеҳсоли барқ аз ҳисоби фаъолсозии "Роғун" ва дигар нерӯгоҳҳо дар назар дошта шудааст. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки агар таъсири омилҳои берунӣ аз ҳад зиёд нашавад, барномаи мазкур амалӣ хоҳад гардид.
Дар акс: Умед Давлатзода