Аз маркази матбуотии ин хадамот ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки зимни ин сафар Девонаев бо вазъияти муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон аз наздик шинос мешавад. Гузашта аз ин, номбурда бо раҳбарони диаспорахо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва роҳбарони як катор ташкилотҳое, ки бо муҳоҷирон кору фаъолият доранд, мулоқот хоҳад кард. Сарчашмаи хабар иттилоъ дод, ки дар доираи ин сафар Сафиалло Девонаев бо сардори Хадамоти муҳоҷирати Русия Константин Рамадановский низ дидору мулоқот мекунад.