Эътимоди сафир ба ҳалли мусолиматомези баҳси ҳавоии Маскаву Душанбе
Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон муътақид аст, баҳс барои парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбе ва Маскав, ки як ҳафтаи охир авҷ гирифт, бо роҳи мусолиматомез ҳал хоҳад шуд.
Фролов имрӯз, 27-уми декабр дар суҳбат бо хабарнигорон таъкид кард, ки баҳси мазкур сиёсӣ набуда, бархӯрди манфиатҳои пулии ширкатҳои ҳавоии ду кишвар мебошад.
Ӯ бо ситоиш аз имкониятҳо ва муносиботи Тоҷикистону Русия афзуд, ки қазияи мазкур ҳал хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи қарори Русия барои манъи парвози ширкати “Сомон Эйр” дар фурудгоҳҳои ин кишвар дармондаанд. Аз ҷумла “Сомон Эйр” тасдиқ кард, садҳо мусофир, ки барои парвоз ба Душанбе чипта харидаанд, чанд рӯз боз дар фурудгоҳи Иркутск дармондаанд ва парвозашон ба Тоҷикистонро интизоранд.
Қаблан “РИА Новости” аз қавли Юсуф Раҳмонов, сардори раёсати авиатсиаи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон навишт, парвозҳо аз шаҳрҳои Краснодар, Уфа, Челябинск ва Красноярск ба самти Душанбе тавассути ширкати "Уралские авиалинии" қатъ шудаанд. Ҷаноби Раҳмонов гуфтаст, ин тасмим иқдоми ҷавобӣ ба иҷозаи парвоз дарёфт накардани ширкати “Сомон Эйр” ба минтақаҳои Русия мебошад.
Аммо ахиран мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар моҷарои ҳавоӣ ба хотири муҳоҷирон аз манъи парвози ширкатҳои русӣ ба Душанбе худдорӣ карданд.
“Таниш”-и ҳавоӣ миёни Душанбе ва Маскав баъди он оғоз шуд, ки масъалаи парвозҳо аз фурудгоҳи “Жуковский” дар моҳи ноябр ба миён омад. Тоҷикистон барои парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Уральские авиалинии" аз ин фурудгоҳ иҷозат надод. Хадамоти авиатсияи граждании Тоҷикистон таносуби парвозҳои ширкатҳои русиягиро дар бозори мусофирбари Тоҷикистон нашр кард, ки бар асоси он қисми бештари бозор дар ихтиёри ширкатҳои русӣ қарор дорад: “Аз ҷумла дар хатсйри Душанбе–Москва–Душанбе аз ҷониби ширкатҳои тоҷикистонӣ - “Сомон Эйр” – 7 парвоз, “Тоҷик Эйр” – 7 парвоз ва аз тарафи ширкати русиягии “Ют Эйр” – 14 парвоз анҷом дода мешаванд. Аз фурудгоҳи Хуҷанд “Сомон Эйр – 3 парвоз, “Тоҷик Эйр” – 4 парвоз ва аз ҷониби ширкати русиягии “Сибирь” 7 парвоз амалӣ мешавад. Аз фурудгоҳи Кӯлоб танҳо ширкатҳои русиягӣ “Уральские авиалиний” - 4 парвоз ва “Сибирь” - 3 парвоз анҷом медиҳанд. Аз фурудгоҳи Қӯрғонтеппа низ ширкати русиягии “ВИМ Авиа” 7 парвоз дар як ҳафта анҷом медиҳад”.
Аммо Русия таҳдид кард, тамоми парвозҳоро ба Тоҷикистон қатъ мекунад ва ба дунбол мақомоти тоҷик барои парвози ҳавопаймоҳи "Уральские авиалинии" ба Душанбе иҷозат доданд. Нахустин ҳавопаймо 22 ноябр ба Душанбе нишаст. Ахиран, Тоҷикистон барои ширкакти “Ямал” иҷозаи парвоз ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд аз фурудгоҳи “Жуковский”-ро надод ва Русия эълон кард, парвози ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” ба чанд минтақаро лағв кардааст. Баъди ин изҳорот, ҷониби Тоҷикистон ба “Уралские авиалинии” иҷозаи парвоз ба Душанберо надоданд. Намояндаҳои Тоҷикистону Русия мегӯянд, гуфтушунидҳо барои ҳалли ин масъала ҳанӯз натиҷае надодаанд.