Оғози гуфтушуниди Тоҷикистону Узбакистон дар Душанбе
Гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон баъди зуҳри 27-уми декабр дар шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон дар гуфтушунидҳо, ки таҳти раёсати Рустам Азимов, ноиби сарвазири Узбакистон ва Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон сурат мегиранд, масоили марбут ба нақлиёт, тиҷорат, энержӣ, саёҳӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Ин нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ дар аҳди роҳбарияти нави Узбакистон мебошад. Дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 28-уми декабр Рустам Азимовро ба ҳузур пазирад.
Қаблан расонаҳои Узбакистон иттилоъ дода буданд, ки зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ роҳандозии парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Тошканду содасозии низоми раводид баррасӣ хоҳанд шуд: “Дар пайи ҷаласа санаи дақиқи оғози парвозҳо миёни Душанбею Тошканд эълон хоҳад шуд”.
Ахиран дар Душанбе созиш шуд, ки парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Тошканд, ки аввали солҳои 90-уми асри гузашта қатъ гардиданд, аз моҳи январи 2017 оғоз хоҳанд шуд. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Узбакистон соли 2000-ум роҳандозӣ шуда, аз мушкилоти аслӣ дар рушди муносиботи ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ мешавад.