АКС: Оғози мурофиаи се тоҷики муттаҳам дар қатли Чубаев
Додгоҳи минтақавии Перм имрӯз, 27-уми декабр мурофиаи се шаҳрванди Тоҷикистонро оғоз кардааст, ки дар қатли Юрий Чубаев, раҳбари як ниҳоди дифоии Русия муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои мақомоти Русия Зоир Умарови 35-сола, Юсуф Умарови 29-сола ва Саидои К-и 23-сола дар қатли раиси корхонаи мудофиавӣ бо номи “Кираса” гумонбар дониста мешаванд.
Юрий Чубаев шаби 24 апрел дар бустонсарояш дар деҳаи Троитс бо чандин зарби корд кушта шуд.
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, Саид қаблан дар тобеияти Чубаев ҳамчун муҳофиз кор кардааст: “Юсуф Умаров, ки бо Зоир хеш будааст, ӯро ба ғорати собиқ корфармояш розӣ кардааст. Дар бозпурсӣ Саидоӣ изҳор дошт, ки вақте ҳамроҳи Юсуф вориди хона шуд, Чубаев дар роҳаткурсӣ ба тамомшои телевизион машғул буд. Юсуф фармон дод, ки бархезад, аммо ӯ нахест ва дар натиҷа чанд бор ҳамлагарон ба шиками бо корд зарба задаанд”.
Ба иттилои мақомот ҳамлагарон аз бустонсарои Чубаев 120 ҳазор рубл пули нақд ва ҷавоҳирот ба маблағи 280 ҳазор рублро бо худ бурдаанд: “Аммо маблағи ғораткардаро ҳанӯз сарф накарда буданд, ки аз ҷониби мақомот боздошт шуданд”.
Ширкати таъсисдодаи Юрий Чубаев яке аз таъминкунандаҳои асосии Вазорати мудофиа ва Хадамоти федералии амнияти Русия бо василаҳои мудофиавӣ арзёбӣ мешавад. Ин ширкат дар ҳамкорӣ бо “Рособоронэкспорт” “бронижелет”-ҳояшро ба кишварҳои Африқо, Осиё ва Аврупои шарқӣ низ содир мекардааст.