Чанд тан аз сокинони ҷануби кишвар аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳои шаҳри Қурғонтеппа, Кӯлоб ва дигар навоҳии дурдасти ин минтақа изҳори нигаронӣ карданд.
Ба қавли онҳо болоравии нарх баъди қатъ гардидани ҳаракати қаторҳо дар самти Амузанг-Тирмиз-Қӯрғонтеппа шурӯъ гаридааст. Як нафар аз ин афрод, ки худро Умед муаррифӣ кард, ба хабаргузории «Озодагон» дар тамоси телефонӣ гуфт, ки маҳсулоти озуқа, аз қабили пиёз, картошка ва равғану орд давоми ду ҳафтаи ахир ҳудуди 1-1,5 сомонӣ боло рафтааст. Рустамхон Шарипов, як тоҷир ин гуфтаҳоро тақвият бахшида илова намуд, ки раванди болоравии нархҳо ба шиддат идома ёфта истодааст ва шояд намудҳои мухталифи маҳсулот аз қабили шакар ва орд то соли нав аз арзиши имрӯзаашон қимат шаванд. Бархе аз ҳамсӯҳбатонамон мегӯянд, масъулин сари ин масъала бояд ҳар чӣ зудтар чораҷӯи намоянд, то ҷилав аз афзоиши нархҳо гирифта шавад. Масъулини «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ахиран изҳор доштанд, ки қаторҳои самти вилояти Хатлонро наметавонанд дар шаҳри Душанбе қабул намоянд. Далели қабул накарданро, масъулини ширкати мазкур мушкили интиқоли минбаъдаи борҳо аз Душанбе ба ҷануб арзёбӣ мекунанд, ки хароҷоти зиёд хоҳад дошт. Гузашта аз ин коршиносони «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таъкид мекунанд, ки қарор дар бораи тағйири хатти ҳаракати борро онҳое қабул мекунанд, ки борро ирсол кардаанд. Дар қатори чораҳо, ки барои бадтар нашудани вазъ амалӣ шудаанд, масъулини «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мегӯянд, ки муваққатан бор кардани вагонҳои самти ҷануби Тоҷикистонро қатъ кардаанд.
Ёдрас мекунем, ки ҳаракати қатораҳо дар самти Амузанг-Тирмиз-Қӯрғонтеппа, баъд аз таркиш дар роҳи оҳани ин ин самт дар шаби 17-уми ноябр қатъ гардид.