Рӯзи корӣ дар соли 2017 барои тоҷикистониён 3 январ оғоз мешавад
Сокинони Тоҷикистон имсол дар арафи ҷашни Соли Нав се рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, рӯзҳои 31 декабр (шанбе) ва 1, 2-юми январ (якшанде, душанбе) дар кишвар рӯзҳои истироҳат эълон шуда, 3 январ (сешанбе) рӯзи корӣ мебошад.
Ба иттилои манбаъ, азбаски Соли Нави мелодӣ ба рӯзи истироҳатии якшанбе рост омадааст, бар асоси қонуни Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи душанбе – 2 январ низ истироҳат эълон мешавад.