Қарори Убайдуллоев барои консерти солинавӣ, фейерверк ва амният
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барномаи пешвози соли нави 2017-ро дар пойтахти Тоҷикистон тасдиқ кардааст.
Тавре аз шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бар асоси барнома ороиши хиёбонҳо, насби арчаҳои солинавӣ дар майдони Дӯстӣ, даромадгоҳи Сирки давлатӣ дар назар буда, 31-уми декабр консерти ситораҳои санъати Тоҷикистон баргузор мегардад: “Консерт 31-уми декабр аз соати 19 то 21:00 дар майдони Дӯстӣ дар назар аст. Соати 20:00 давоми 5 дақиқа фейерверки солинавӣ ташкил хоҳад шуд”.
Маҳмадсаид Убайдуллоев сардорони мақомоти умури дохилӣ ва амнияти миллиро муваззаф кардааст, ки дар рӯзҳои ҷашни солинавӣ барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон чораҳои иловагӣ андешанд.