Писари Лукашенко: Президент шудан намехоҳам
Николай Лукашенко, писари хурдии Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорусия гуфтааст, вақте калон мешавад, намехоҳад президент шавад.
Нашрияи белорусии «Наша Нiва» аз қавли писари 12-солаи Лукашенко овардааст, “бисёриҳо маро дар бораи президентшавӣ мепурсанд. Ростӣ ман чандон хостори президентшавӣ нестам, зеро зиндагӣ хеле мушкил хоҳад буд. Бовар надорам, ки ман барои ин вазниниҳо омодаам”.
Николай Лукашенко изҳор доштааст, ки касбашро ҳанӯз интихоб накардааст, аммо сари фаъолияти табибӣ ё низомӣ андеша дорад: “Шояд духтур шавам. Кӯмак ба мардум бисёр хуб аст. Шояд фаъолияти низомиро интихоб кунам. Вақт барои фикр карданро ҳанӯз дорам”.