Дар назди бозори «Саховат» маблағҳои пулии як соҳибкорро ба яғмо бурданд.
Тавре ба «Озодагон» аз вазорати умури дохила иттилоъ доданд, дар ин бора аризаи шаҳрванд Забирови 18- сола, сокини кӯчаи Ҷомӣ, ирсол гардидааст. Ба гуфти ҷабрдида, шахси номаълум дар назди бозори «Саховат», воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 300 доллари ИМА пули нақдро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Манбаъ афзуд, зимни як амалиёти кормандони милиса дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт шаҳрвандон Наврӯз Бозорови 30- сола, сокини шаҳри Кӯлоб ва Мансур Акбарови 27- сола, сокини кӯчаи Р. Набиев дастгир карда шуданд. Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.