Э.Раҳмон барои баҳси масоили амниятӣ озими Русия шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 26-уми декабр озими шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳадафи ин сафарро иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ арзёбӣ кард.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.