Узрхоҳии “Сомон Эйр”: Маблағи мусофиронро бармегардонем
Ширкати “Сомон Эйр” аз мусофирони худ барои қатъи парвоз ба Русия узр хостааст.
Тимур Бандишоев, сухангӯи ин ширкат мегӯяд, 22 декабр аз Вазорати нақлиёти Русия мактуб гирифтанд, ки парвозҳо ба самтҳои Оренбург, Краснодар, Красноярск ва Иркутск қатъ карда мешавад: “Чунин иқдом бо сабаби аз ҷониби ҳокимиятҳои авиатсионии тарафҳо ба даст наовардани созиш дар масъалаи ба ширкати ҳавопаймоии "Ямал" иҷозат додани парвозҳо аз фурудгоҳи "Жуковский" ба Тоҷикистон ба амал омадааст. Бинобар сабабҳои мазкур, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" маҷбур шуд, ки парвози хатсайрро ба самти Душанбе-Оренбург манъ кунад. Ба мусофирон маблағи барои чиптаи ҳавопаймоӣ сарфкардаашон баргардонида мешавад. Ширкати ҳавопаймоӣ барои эҷод кардани нороҳатӣ аз мусофирон маъзарат мепурсад. Феълан "Сомон Эйр" барои манъ кардани хатсайрҳо ба Краснодар, Красноярск ва Иркутск омодагӣ мебинад”.
Парвозҳои “Сомон Эйр” баъди он қатъ шуд, ки Тоҷикистон ба ширкати “Ямал” иҷоза надод, то аз фурудгоҳи нави “Жуковский” ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд парвоз кунад. Вазорати нақлиёти Русия ин корро нақзи “созишномаи дар мавриди парвозҳо миёни ин ду кишвар ва инчунин протоколи имзошудаи 7-уми ноябр” унвон кард. Ба дунболи қатъи парвози ҳавопаймои “Сомон Эйр” Тоҷикистон парвозҳо аз шаҳрҳои Краснодар, Уфа, Челябинск ва Красноярск ба самти Душанбе тавассути ширкати "Уралские авиалинии"-ро қатъ кард.