Баъди маъмурияти муваққатӣ: “Тоҷиксодиротбонк” коргар меҷӯяд
“Тоҷиксодиротбонк”, яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон, баъди анҷоми муҳлати мудирияти муваққатӣ аз озмун барои қабули кормандон ба Идораи аудиташ хабар додааст.
Бино ба иттилои торнамои расмии бонк довталабон бояд дорои собиқаи кории на камтар аз панҷсола дар ташкилотҳои молиявию қарзӣ ва таҷрибаву малакаи кории мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби муҳосибавӣ ва ҳисоботҳои молиявӣ бошанд: “Ба донандагони забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) афзалият дода мешавад”.
Манбаъ мегӯяд, озмун рӯзҳои 10-11 январи соли 2017 дар Бонки марказӣ баргузор мешавад.
Баъди гирифтори мушкил шудани “Тоҷиксодиротбонк” 18 майи соли равон Бонки миллии Тоҷикистон дар он маъмурияти муваққатӣ таъин кард. 13 декабр бо гузашти 7 моҳ идораи бонк дубора бар души Тоҷиддин Пирзода гузошта шуд.
“Тоҷиксодиротбонк”, дуюмин бонки калонтарини Тоҷикистон мебошад, ки дороиҳояш 483 миллион доллар баҳогузорӣ шудаанд. Моликони саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” 5 ширкат-“Евразия”-58,89%, “Мелодиён”-11,65%, “Эҳсон”-10,99%, “Медиа Плюс”-7,38% ва “Восток”-1,11% мебошад, ки аз инҳо ширкати “Евразия” ба Пирзода марбут дониста мешавад.