“Уралские авиалинии”: Аз қатъ шудани парвоз огоҳии расмӣ нагирифтем
Ширкати “Уралские авиалинии” гуфтааст, аз Тоҷикистон дар мавриди қатъ шудани парвозҳояш номаи расмӣ нагирифтааст. Дар ин бора расонаҳои русӣ бо такя ба Сергей Антонов, намояндаи расмии ин ширкат хабар додаанд.
Антонов инчунин гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон Вазорати нақлиёти Русияро низ расман огоҳ накардаанд. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои русӣ аз лағви парвози хатсайри U6-2953 Екатеринбург-Душанбе (23 декабр) ва хатсайри U6-2927 Самара-Душанбе (24 декабр) хабар додаанд.
Қаблан “РИА Новости” аз қавли Юсуф Раҳмонов, сардори раёсати авиатсиаи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон навишт, парвозҳо аз шаҳрҳои Краснодар, Уфа, Челябинск ва Красноярск ба самти Душанбе тавассути ширкати "Уралские авиалинии" қатъ шудаанд.
Ҷаноби Раҳмонов гуфтаст, ин тасмим иқдоми ҷавобӣ ба иҷозаи парвоз дарёфт накардани ширкати “Сомон Эйр” ба минтақаҳои Русия мебошад.
Аз ин пеш Вазорати нақлиёти Русия бо ишора ба гуфтушуниди 22 декабри мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистону Русия гуфта буд, “Тоҷикистон бо нақзи созишномаи дар мавриди парвозҳо миёни ин ду кишвар ва инчунин протоколи имзошудаи 7-уми ноябр ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” ризоият надод”.