Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз иҷро нашудани нақшаи даромади буҷа ва андоз
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 23 декабр дар ҷаласаи васеи ҳукумат, соли 2016-ро барои мардуми тоҷик соли таърихӣ ва бобарор хондааст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд, Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар дар ҳисоботи худ дар ин ҷаласа гуфтааст, соли 2016 бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуд ва иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин карда шудаанд. Ба иттилои манбаъ, сарвазири кишвар иброз доштааст, имсол маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он ба 6,9 фоиз баробар гардидааст.
Ба қавли Қоҳир Расулзода дар соли 2016 сарфи назар аз коҳишёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ нархҳо дар бозори истеъмолӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, сатҳи таваррум 6 фоизро ташкил додааст: “Тавре зикр шуд, рушди иқтисодӣ, аз ҷумла ба афзоиши маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ дар ҳаҷми 17,4 фоиз, маҳсулоти саноатӣ — 16,0 фоиз, гардиши савдои чакана- 6,0 фоиз ва маҳсулоти кишоварзӣ- 5,2 фоиз мусоидат намуда, нақшаи ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ – 95 фоиз таъмин ва ба он 16,8 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 907 млн. сомонӣ кам мебошад. Дар даври ҳисоботӣ нақшаи воридоти андозҳо аз ҷониби мақомоти андоз — 98,2 фоиз ва Хадамоти гумрук — 90,1 фоиз таъмин гардидааст”.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин ҳисоботи Неъматулло Ҳикматуллозода ,вазири рушди иқтисод ва савдо, Абдусалом Қурбониён, вазири молия ва Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз шунида шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти номуназзами минтақаҳои озоди иқтисодӣ, иҷро нашудани нақшаи даромади буҷети давлатӣ ва андоз, саҳлангорӣ дар пешбурди корҳои илмӣ, ихтироот ва навоварӣ, пурра таъмин нашудани уҳдадориҳои иҷтимоии давлатӣ ва дигар мушкилоту норасиҳо изҳори нигаронӣ карда, дастуру супоришҳои қатъӣ додааст, ки назорат барои ислоҳи камбудию мушкилоти мавҷуда пурзур карда шаванд.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ ва Руҳулло Ҳакимзода, раҳбари “Амонатбонк” доир ба тадбирҳои беҳдошти низоми бонкӣ ва сиёсати самараноки пулию қарзӣ, Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нав дар робита ба ҳолати иқтидорҳои саноатӣ, бунёд ва таъсиси коргоҳ ва корхонаҳои истеҳсолии нав дар назди раисиҷумҳур гузириш додаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолият накардани 450 корхонаи хурду бузурги саноатӣ дар соли равон, роҳандозӣ нашудани тадбирҳо дар самти тақвиятбахшии истеҳсолоти қолинбофии дастӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва хӯрокворӣ изҳори нигаронӣ карда, роҳбарияти вазорати саноат ва технологияҳои навро барои ҷоннок намудани корҳо дар ин самт дастуру супоришҳои қатъӣ додааст.