Номаи табрикотии Пан Гӣ Мун ба Э.Раҳмон
Пан Гӣ Мун, дабир кулли Созмони Милали Муттаҳид имрӯз, 23 декабр бо ирсоли як нома Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро нисбати қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” табрик кардааст.
Дар номаи шодбошии Пан Гӣ Мун дар робита ба қабул шудани қатъномаи мазкур, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, гуфта шудааст: “Бовар дорам, ки даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об саҳми арзишманд хоҳад гузошт”.
Дабири кулли СММ бо изҳори итминон таъкид кардааст, ки “даҳсолаи нав дар амалӣ намудани иқдомҳои дигари марбут ба захираҳои об, аз ҷумла фаъолияти Панели сатҳи баланд оид ба захираҳои об мусоидат мекунад”.