Русия: Парвози ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” қатъ шуданд
Русия 23 декабри соли ҷорӣ парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-ро ба минтақаҳои ин кишвар қатъ кардааст.
Дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Русия бо ишора ба гуфтушуниди 22 декабри мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистону Русия гуфтааст: “Тоҷикистон бо нақзи созишномаи дар мавриди парвозҳо миёни ин ду кишвар ва инчунин протоколи имзошудаи 7-уми ноябр ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” ризоият надод”.
Хабаргузории "ТАСС" навиштааст, ки парвозҳои ширкати "Сомон Эйр" ба ғайр аз Маскав ва Санкт-Петербург ба шаҳрҳои дигари Русия қатъ шудаанд.
Вазорати нақлиёти Русия ин тасмими худро “иқдоми ҷавобӣ” унвон карда гуфтааст: “Русия аз соати 00-и 23 парвозҳои ширкати “Сомон Эйр”-ро қатъ мекунад.”