Ҷӯстуҷӯи 6 нафар дар робита ба ҳодисаи маргбори қабристони Хованское
Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба қазияи қабристони Хованское 6 нафарро таҳти пайгард қарор додааст.
Ба иттилои ин ниҳод дар робита ба қазияи мазкур 14 кас боздошт ва 1 тан мамнӯъулхуруҷ шудааст. Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, ин афрод аз рӯи моддаҳои 105 (куштани ду ё чанд кас аз ҷониби гуруҳ бо маслиҳати пешакӣ), моддаи 222 (истифода, фурӯш, нигоҳ доштан ва ҳамлу нақли ғайриқонунии аслиҳа), моддаи 213 (авбошӣ аз сӯи як гуруҳ бо маслиҳати пешакӣ) гумонбар дониста шудаанд.
Аммо манбаъ нагуфтааст, ки шаш нафари мавриди пайгард қароргирифта, шаҳрвандони кадом кишвар ҳастанд.
Ба иттилои расонаҳо, Юрий Чабуев, муттаҳами аслии муноқишаи Хованское аз узвияти Шӯрои ҷамъиятии Кумитаи тафтишотии Русия барканор шудааст.
Муноқишаи маргбори Хованское 14 майи соли равон дар пайи ҳамлаи муштзӯрҳои Русия, аз ҷумла чечену доғистониҳо ба коргарони тоҷики қабристон рух дод. Дар натиҷа се тоҷик кушта ва ҳудуди 10 нафари дигар маҷруҳ шуданд.