“Қазияи Дӯстум”: Додситони кулл дастбакор шудааст
Додситони кулли Афғонистон унвони Абдулрашид Дӯстум, муовини аввали раисҷумҳури ин кишвар ҳукми ҷалб ба ҷавобгарӣ фиристодааст. Иноятуллоҳ Фараҳманд, раиси дафтари Дӯстум бо таъйиди ин хабар гуфтааст, ин нома дар пайи шикояти Аҳмад Ишчӣ ба дасти ӯ расидааст.
Қаблан Аҳмад Ишчӣ, муовини пешин Ҳизби ҷунбишии миллии исломии Афғонстон иддао карда буд, ки Абдулрашид Дӯстум дастури таҷовузи ӯро додааст. Ба гуфтаи Фараҳманд номаи мазкур, ки хостори ҳузур ва ҷавобгӯии Дӯстум ё вакили мудофеи ӯ ба додситонист, ғайриқонунӣ мебошад. Ин мақоми дафтари Дӯстум бо ишора ба Қонуни асосии Афғонсион гуфтааст, Қонуни асосӣ дар мавриди чигунагии расидагӣ ба иттиҳомот алайҳи муовини раисҷумҳур рӯшанӣ надорад. Аммо додситонии кулли Афғонистон пештар гуфта буд, расидагӣ ба парвандаҳои ҷурмӣ аз салоҳиятҳои он аст ва ин идора ҳақ дорад ҳар шаҳрвандеро, ки ҷурм содир мекунад, бидуни таваҷҷуҳ ба мавқеаш таҳти бозҷӯӣ қарор диҳад.
Аз ин пеш Муҳаммад Акбарбой, раиси Шӯрои турктаборони Афғонистон эълон кард, парвандаи чанд сол қаблаш алайҳи Абдулрашид Дӯстумро бозкушоӣ мекунад. Ӯ гуфтааст, Дӯстум моҳи феврали соли 2008 ба манзилаш дар Кобул ҳамла карда бо ӯ “рафтори хушунатомез” кардааст.