Э.Раҳмон: 2017 соли ҷавонон эълон карда шавад
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аснои ироаи паёми солонааш ба парлумон пешниҳод кард, 2017 соли ҷавонон эълон карда шавад.
Президент бо таъкиди ин нукта, ки ҷавонон ояндаи миллату давлат ҳастанд, изҳор дошт, бо ҷавонони насли Истиқлол фахр мекунад: “Ҷавонони мо бо тафаккуру сатҳи саводнокӣ ба куллӣ фарқ доранд. Ман ҷавононро бо насли солҳои 90 муқоиса карда, ифтихор мекунам”.
Эмомалӣ Раҳмон дар идома афзуд, ҷавонон ҳар куҷо, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта, бо Ватан, миллат, забону фарҳанги худ ифтихор намоянд ва барои ҳифзи онҳо талош созанд.