Тибқи иттилои сафорати ИМА ин чорабинӣ дар чаҳорчӯбаи барномаҳои INL барои коҳиш додани талабот ба маводи нашъаовар (DDR) соли 2011-2012, ки бештар аз 300 000 доллар ба созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмиллалӣ, ки ҳамаи чор вилоятҳои Тоҷикистонро дар бар мегиранд, ташкил шудааст. Шаш созмони ғайридавлатии маҳаллӣ ва як созмони байналмилалӣ бо марказаш дар Британияи Кабир барои мубориза ва пешгирии одамон аз нашъамандӣ маблағи грантӣ дода шуда буд. Ин ҳафт лоиҳаи мунтахаб тавассути иқдомҳои омӯзишӣ, варзиш, рақс, театр ва ғайра зиндагии солимро миёни қишрҳои осебпазир тарғиб мекунад.
Манбаъ афзуд, барномаи консертӣ ҷавононро аз хатари нашъамандӣ ҳушёр мекунад ва аз қиссаи фоҷеаангези сароянда ва оҳангсози маъруфи тоҷик Субҳон Саид мисол меорад, ки аз банди ҳероин раҳо ёфтааст. Пас аз бемории шадид Субҳон Саид кафи ҳар ду пояшро аз даст дод ва сарояндаи машҳур дигар ҳеч гоҳ рақсида наметавонад. Баъд аз ғолиб омаданаш ба ин беморӣ Субҳон ба саҳна баргаштааст, то барномаҳои ройгони консертӣ иҷро намояд ва ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят кунад.
Ҳамчунин, дар маҳфил сарояндаҳо ва гурӯҳҳои машҳур, аз ҷумла Таҳмина Ниёзова, Фурқати Саид, гурӯҳи «Парем» ва фарзандони Субҳон Саид – Сайёд, Амиршо, Ҷамшед ва Сорбон Саидовҳо ширкат хоҳанд кард. Маркази тадқиқоти журналистӣ ҳамчунин сабти консертро ба зимма дорад ва филми мустанадро оид ба ҳаёти Субҳон Саид ба ҷомеа пешниҳод хоҳад кард.