Ҳавопаймои “Ямал” ба фурудгоҳи Душанбе нишаст
Ҳавопаймои ширкати русии “Ямал” мусофиронро аз фурудгоҳи тозатаъсиси “Жуковский” ба Душанбе овард.
Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба “Озодагон” гуфтанд, ҳавопаймо соати 13:30 ба пойтахт расидааст.
Тоҷикистон қаблан барои парвози ҳавопаймои ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский” ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иҷозат надод ва даҳҳо мусофир, ки билет харидорӣ карда буданд, натавонистан сари вақт ба Ватан бирасанд.
Вазорати нацлиёт хабар дод, ки субҳи имрӯз, 22 декабр ҳайати комиссияи давлатии Тоҷикистон барои идомаи гуфтугӯҳо бо Вазорати нақлиёти Русия дар мавриди парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” ба шаҳри Маскав сафар кардааст. Ба иттилои манбаъ, бо назардошти он ки 100 мусофир билет харидорӣ карда, муддати ду рӯз дар фурудгоҳи “Жуковский” мунтазири парвоз буданд, ҷониби Тоҷикистон ба таври истисноӣ қарор қабул намуда, ба ширкати “Ямал” иҷозаи парвоз додааст. Вазорат меафзояд, ширкати “Ямал” барои парвоз ба Душанбе ва Хуҷанд аз тарафи Вазорати нақлиёти Русия иҷозат гирифтааст, аммо Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бинобар риоя нашудани баробарӣ (паритет) парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал”-ро ба Тоҷикистон дар мавсими зимистони солҳои 2016-2017 ғайриимкон медонад.
“ТАНИШИ ҲАВОЙӢ”: РУСИЯ БОЗ БА ХОСТАШ РАСИД
Аз ин пештар Вазорати нақлиёти Русия гуфт, ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи тозатаъсиси “Жуковский” ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд парвозҳо анҷом медиҳад. “РИА Новости” бо такя ба манобеаш дар ин вазорат менависад, Тоҷикистон ҷадвали парвозҳои ширкати “Ямал”-ро пазируфтааст.
ТАҲДИДИ РУСИЯ БАРОИ ҚАТЪИ ПАРВОЗҲО БА ТОҶИКИСТОН
Вазорати нақлиёти Русия қаблан таҳдид карда буд, дар сурати иҷро накардани уҳдадориҳо аз ҷониби Тоҷикистон парвозҳоро ба самти Душанбе қатъ мекунад. Хабаргузории “ТАСС” бо такя ба манобеаш дар ин ниҳод навишт, аз соати 00:00-и 22 декабр ҷониби Русия ҳақ дорад, ки парвозҳоро миёни ду кишвар қатъ кунад: “Рад кардани иҷозаи парвоз барои ширкати “Ямал” дар хайтсайри Хуҷанд–Жуковский бо ишора ба набуди баробарӣ, шоиста нест”.
Ин таҳдид дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии “Ямал” барои анҷоми парвозҳо аз Русия ба Душанбеву Хуҷанд иҷоза надод. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ин ширкати русӣ барои анҷоми парвозҳо иҷозаи расмӣ надошт.
Ба дунболи таҳдиди Вазорати нақлиёти Русия, Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон ба расонаҳои русӣ гуфтааст, чунин фишор қобили қабул нест.
Бори дуввум аст, ки Русия барои анҷоми парвозҳо аз фурудгоҳи навтаъсиси “Жуковский” ба Тоҷикистон аз таҳдид кор мегирад. Вазорати нақлиёти Русия 2 ноябри соли равон баъди мухолифати Тоҷикистон ба парвоз аз ин фурудгоҳ ба қатъи тамоми парвозҳо аз Русия таъкид кард. Аммо баъдан, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки ҷонибҳо 7 ноябр ба созиш омаданд.